Ссылки доступа

Размоишҳои СПАД таҳти номи "Бародарии шикастнопазир-2023" дар Қирғизистон баргузор мешаванд


Размоишҳо аз 6 то 13 октябр дар шаҳри Балиқчии Қирғизистон мегузаранд.

Дар ин размоиш низомиҳои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки Тоҷикистон низ узви он аст, ширкат мекунанд.

СПАД - эътилофи низомиву сиёсиест, таҳти роҳбарии Москва. Солҳои охир ин созмон мудовим таҳти интиқод аст.

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар пасманзари низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ гуфт, рӯйдодҳои солҳои охир нишон доданд, ки ин эътилоф "таъсиррасон" нест. Қобили зикр аст, ки Арманистон низ узви СПАД аст.

XS
SM
MD
LG