Дар ин бора сухангӯи Додгоҳи олии Узбекистон Азиза Обидова хабар дод. Ӯ гуфт, маҳкумшуда дар сурати норозӣ будан аз қарор метавонад ба зинаи болӣ шикоят барад.
Мурофиаи баррасии шикояти Муминов бе ҳузури фаъолон ва нозирон баргузор шудааст.
Дар додгоҳ гуфтанд, суханҳои вакили дифои Муминов, ки гӯиё шахси зери ҳимояаш дар рафти тафтишоти пешакӣ шиканҷа шудааст, тасдиқи худро наёфтанд.
Қаблан Сабоҳат Абдуллоева, модири Муминов дар суҳбат бо расонаҳо хабар дода буд, ки дар боздоштгоҳе дар шаҳри Тошканд бо писараш мулоқот кардааст.
Муминов ба модараш гуфтааст, ки дар рӯзи аввали боздошт дар моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯи гуруҳи зудамали пулис дар раёсати пулиси шаҳри Тошканд шиканҷа шудааст.
"Нисбати ман ҳамаи навъи шиканҷаро истифода карданд. Зинда мондани ман муъҷиза аст", - гуфтааст Муминов дар суҳабт бо модараш.
Додгоҳе дар шаҳри Тошканди Узбекистон рӯзи 4 август ҳукми зиндони блогер Абдуқодир Муминовро эълом кард.
Додгоҳ муаллифи саҳифаи ютюбии "Ko'zgu" ва роҳбари ширкати "Oynaga qarang"-ро дар содир кардани ҷиноятҳои "Вайрон кардани дахлнопазирии манзили шахсӣ", "Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон", "Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми махсусан калон", "Вайрон кардани тартиби тиҷорат" ва "Иштирок дар додани пора" айбдор донист.
Ба ин тартиб Муминов 7 солу 3 моҳ зиндон шуд ва додгоҳ ҳамчунин ӯро аз ҳаққи машғул шудан ба рӯзноманигорӣ ба муҳлати 3 сол маҳрум кард.
Додгоҳ ҳамчунин қарор кард, ки аз Муминов ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ ба фоидаи 14 ҷабрдида 903,4 млн сӯм рӯёнида шавад.
Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи 1 август аз додгоҳ хоста буд, блогер Абдуқодир Муминовро 11 сол зиндонӣ кунанд.
Яке аз даъвогарон дар додгоҳ гуфтааст, ки Муминов барои таҳқиқи як мушкили марбут ба корхонаи хиштбарорӣ аз ӯ 10 ҳазор доллар талаб карда, 3800 доллари онро ҳамчун "пешпардохт" гирифта буд. Блогер изҳор дошта, ки аз даъвогар танҳо 600 доллари амрикоӣ гирифтааст.