Ссылки доступа

Сармеъмори Бишкекро 10 рӯз ҳабс карданд


Урмат Қорибоев, сармеъмори шаҳри Бишкеки Қирғизистон то 16 октябр дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) он кишвар нигаҳ дошта мешавад.

Дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 9 октябр гуфтанд, чунин қарор бо дархости КДАМ қабул шудааст.

Ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, Қорибоев дар "сӯистифода аз мақоми хидматӣ" гумонбар мешавад.

Қорибоев моҳи июни соли 2022 ба мақоми сармеъмори шаҳри Бишкек таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG