Дар ин бора сухангӯи артиши Исроил Даниел Ҳогарӣ рӯзи душанбе хабар дод. Аммо ба гуфтаи ӯ, эҳтимол то ҳол дар ҳудуди Исроил гурӯҳҳои мусаллаҳе вуҷуд дошта бошанд, ки аз навори Ғазза ворид шудаанд.
Вазири дифои Исроил Йоав Галант эълом кард, ки артиши ин кишвар Ғаззаро комилан муҳосира мекунад. “Нерӯи барқ, ғизо ва сӯзишворӣ интиқол нахоҳад ёфт”, - гуфт ӯ.
Артиши Исроил зарбаҳоро ба Ғазза идома медиҳад ва гуфта мешавад, ҳадаф маҳви зербиноиҳои низомии Ҳамос аст.
Гуруҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябр дар яке аз ҳамлаҳои хунбортарин дар даҳсолаҳои охир марзи Исроилро рахна кард.
Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи ин ҳамла ва ҳуҷуми ҷавобии Телавив, то 9-уми октябр дар Исроил камаш 700 нафар, аз ҷумла ҳудуди 250 нафар дар як ҷашнвораи мусиқӣ кушта шудаанд.