Ссылки доступа

Писари як вакили порлумони Қазоқистонро барои латукӯби вакилони медофеъ ҷарима бастанд


Дар шаҳри Алматои Қазоқистон Нурасил Болат, писари вакили порлумони он кишвар Давлат Турлихановро дар доираи парвандаи ҷиноии латту кӯби зану шавҳари ҳуқуқшинос Анна Димитриевич ва Олег Чернов ҷарима бастанд.

Додгоҳ Нурасил Болатро бештар аз 3,6 ҳазор доллар ҷарима баст. Ҳамчунин вай вазифадор шудааст, ки ба ҷабрдидаҳо дар ҳаҷми бештар аз 2 ҳазор доллар ҷуброни зарари моддиву маънавӣ пардозад.

Ҷабрдидаҳо дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

Писари вакил моҳи феврали соли ҷорӣ дар латту кӯби зану шавҳар гумонбар шуда буд. Лазҳаи латту кӯб дар дурбинҳо сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG