"Ҳаҷми умумии кӯмаки башардӯстона 1659 тонаро ташкил медиҳад. Дору ва хаймаҳо тавассути ҳавопаймои Горди миллӣ ирсол шудааст", - хабар медиҳад ВҲФ.
Кӯмакҳои боқимондаи башардӯстонаро Қазоқистон тасмим дорад, тавассути қатора ба Афғонистон расонад.
Пештар расонаҳои Қазоқистон навиштанд, ки 45 наҷотдиҳанда ва пизишки қазоқистонӣ барои рафъи оқибатҳои заминларза ба Афғонистон рафтаанд.
Дар вилояти Ҳироти Афғонистон рӯзи 7 октябр заминларзаи 6,3 дараҷаӣ рух дод.
То рӯзи 10 октябр теъдоди қурбониёни ин заминларза ба 2445 расид. Дар натиҷаи он ҳамчунин 2440 каси дигар осеби ҷисмонӣ дидааст. Мақомоти Афғонистон ин заминларзаро мудҳиштарин заминларза дар 20 соли охир унвон кардаанд.