Ширкати мазкур яке аз се ширкати ҳиндиест, ки моеи зидди сулфа истеҳсол мекунад. Дар пайи истеъмоли доруҳои ин ширкат дар Узбекистон, Гамбия ва Камерун 141 кӯдак фавтида буд.
Мақомоти аёлати Уттар-Прадеш гуфтанд, доруҳои дигари ширкат "ба касе зарар наовардаанд ва бино бар ин фаъолияти ширкати Marion Biotech дубора ба роҳ монда шудааст".
Корхонаи мазкур моҳи марти соли ҷорӣ аз кор боз монда буд.