Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, камчинии газ амиқтар ва сӯзишворӣ гаронтар мешавад


Дар Қазоқистон камчинии газ ҷиддист ва ин мушкил дар фурсатҳои наздик ҳал намешавад, гуфт вазири энержии Қазоқистон Алмасадам Саткалиев.

"Дар бозори сӯзишвории мо камбуди газ ҷиддӣ хоҳад шуд. Ҳоло мо маҷбурем бо дарки масъулият эълом намоем, ки: давлат ҳамин ҳоло бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯст ва ин масъала дар ояндаи наздик ҳал намешавад", - гуфт вазир.

Вай афзуд, ки танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ истифодаи газ дар Қазоқистон 25 дарсад боло рафта, талабот ба он дар моҳ ба 225-250 ҳазор тона дар моҳ мерасад.

Вазир илова кард, дар муқоиса бо бензим арзон будани газ бисёре аз ронандаҳоро водор кардааст, ки ба ин навъи сӯзишворӣ гузаранд ва ба ин далел, иқтидори истихроҷ ва коркарди газ кифоят намекунад.

Саткалиев гуфт, масъалаи гарон кардани қимати газ дар сатҳи ҳукумати Қазоқистон баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG