Ба иттилои расонаҳо, аз манзиле, ки зан аз тирезаи он ба замин афтодааст, мардеро низ бо захми корд пайдо кардаанд.
Сафорати Қирғизистон дар Русия ҳодисаро шарҳ дода, гуфтааст, он таҳти назорати намояндагии дипломатӣ қарор дорад. Ба иттилои сафорат, ҷасади зан бо мусоидати Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон ба наздиконаш супурда шуд.
Марди 52-сола, Ж.Т., ки бо захми корд пайдо шуда буд, дар бахши эҳёгарии бемористони маҳаллӣ бистарӣ аст.
Расонаҳои русӣ навиштаанд, ки ҳодиса 29 октябр рух додааст.