Додситонии кулли Узбекистон хабар дода, ки ҳодиса шаби 18 ноябр дар ҳудуди маҷмааи зисти "Манзара" рух дода, мард дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.
Мард дар биное, ки аз он сарозер шудааст, ҳамроҳи зани 23-солааш зиндагӣ мекард. Ба гуфтаи зан, шавҳараш чанд рӯзи ахир гуфтааст, ки "мехоҳад дар осмон парвоз кунад".
Бино ба хабарҳо, мард аз соли 2020 дар қайди беморхонаи касалиҳои руҳӣ будааст. Ӯ 18 ноябр ба ҳамсараш гуфтааст, имрӯз дар хона мемонад. Зан вақте аз кор бармегардад, ҳамсараш аллакай "худкушӣ кардааст".
Додситонии Юнусобод ҳодисаро таҳқиқ мекунад.