Ссылки доступа

Шаҳрвандони Узбекистон дигар наметавонанд, тавассути Мексика вориди ИМА шаванд


Сафорати ИМА дар Узбекистон эълом кард, узбекистониҳое, ки ғайриқонунӣ марзи Мексикаро убур ва вориди ИМА мешаванд, акнун боздошт ва то содир шудани қарори ихроҷашон дар боздошт нигаҳ дошта мешавнад.

Дар сафорат гуфтанд, ИМА бо Тошканди расмӣ оид ба масъалаи ихроҷи шаҳрвандони Узбекистон ҳамкорӣ мекунад.

"Ихроҷи узбекистониҳо бо ҳавопаймоҳои тиҷорӣ ва парвозҳои чартерӣ сурат хоҳад гирифт", - омадааст дар хабари сафорат.

Сафорат ҳамзамон узбекистониҳоро ҳушдор додааст, ки вуруди ғайриқонунӣ ба ИМА тавассути Мексика хатарнок ва гаронарзиш аст.

Ба навиштаи расонаҳо, бисёре аз муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ нахуст ба Иттиҳоди Аврупо ва аз он ҷо ба Амрикои Лотинӣ парвоз ва баъдан вориди ИМА мешаванд.

Пештар расонаҳо навишта буданд, дар ду соли охир шаҳрвандони Узбекистон дар рӯйхати касоне, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА мешаванд, ба мақоми севум расидаанд. Дар ин бора дар оморе зикр шудааст, ки онро Fox News нашр карда буд.

Телевизион рӯйхати мазкурро дар асоси маълумоти Хадамоти марзбонии ИМА тартиб додааст.

Бино ба ин омор, дар ду соли охир 13 ҳазору 624 узбекистонӣ талош кардаанд, ғайриқонунӣ вориди ИМА шаванд.

Аз ҳама бештар шаҳрвандони Туркия - 30 ҳазору 830 кас - талош кардаанд, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА шаванд. Баъди Туркия Мавритания (15 594 кас), Узбекистон, Миср ва Покистон қарор доранд.

Яке аз масирҳои маъмулии муҳоҷирони узбекистонӣ ба ИМА тавассути Максика мегузарад. Узбекистониҳо тавассути Туркия - Испания - Боливия - Колумбия - Мексика вориди ИМА мешаванд.

Эдриен Уотсон, як мақомдори амрикоӣ гуфта буд, "муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ вориди ИМА мешаванд, ихроҷ хоҳанд шуд".

XS
SM
MD
LG