Нашрияи "Известия" бо такя ба манобеи худ менависад, ки шумори фавтидагон ба чаҳор тан мерасад.
Дар чанд рӯзи ахир дар беморхонаҳои Астрахан наздики 20 тан бо нишонаҳои аз ҳад зиёд истеъмол кардани метадон бистарӣ шудаанд.
Мақомоти корҳои дохилии Астрахан мегӯянд, бо гумони фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки фавтидагон ва бистаршудаҳо аз он зарар дидаанд, се шаҳрванди хориҷӣ - шаҳрвандони Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон боздошт шудаанд.