Вай то 15 январ дар ҳабси хонагӣ боқӣ хоҳад монд.
Гулҷон Шарифбоева пештар ба намояндагони Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон гуфтааст, бо иттиҳоми эъломшуда алайҳаш розӣ нест.
Хадамоти матбуотии ваколатдор хабар додааст, ки намояндагони ин ниҳод ахиран бо рӯзноманигор дар боздоштгоҳ мулоқот карданд.
"Вай хоҳиш кард, ки ба хонаводааш расонем, то барои ӯ вакили дифои хусусӣ лозим аст. Барояш вакили дифои давлатӣ таъйин шудааст. Ҳамчунин Шарифбоева гуфт, ки бо иттиҳом розӣ нест. Ӯ аз шароити нигоҳдорӣ шикоят накардааст”, - омадааст дар иттилоияи ваколатдор.
Қаблан Майрамбек Каримов, бародари Гулҷон Шарифбоева гуфта буд, ки рӯзноманигорро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон рӯзи 16 ноябр дар дафтари кориаш боздошт карданд.
Ба иттилои пайвандонаш, Шарифбоеваро дар даъват ба бетартибиҳои оммавӣ айбдор мекунанд.
Вақтҳои охир Шарифбоева дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти Қирғизистон интиқод мекард.