Ссылки доступа

Як шаҳрванди Қазоқистон ба хотири шиносномаи Русия розӣ шудааст, ба ҷанги зидди Украина равад


Шаҳрванди Қазоқистон Павел Конторбоев, ки дар шаҳри Бердски Русия зиндагӣ мекунад, дар ивази шиносномаи русӣ бо артиши Русия қарордод бастааст.

Ҳамроҳ бо Конторбоев ҳамсари вай Вероника низ шиносномаи русӣ дарёфт кардааст. Шиносномаҳои ин ҷуфтро дар "маросими тантанавӣ" раиси шаҳр Роман Бурдин ва раиси шӯрои шаҳрӣ Владимир Голубев тақдим кардаанд.

Шаҳрдории Бердск мегӯяд, ин нахустин ҳолате аст, ки шаҳрвандӣ дар ивази иштирок дар ҷанги зидди Украина дода мешавад.

XS
SM
MD
LG