Дар Хадамоти давлатии андози Қирғизистон 29 ноябр гуфтанд, ки ин бозорҳо ба рӯйхати иншооти стратегии он кишвар шомил шудаанд ва бинобар ин, тибқи низоми махсуси андозбандӣ амал мекунанд.
"Низоми махсуси андозбандӣ ба ҷои андоз аз даромад ва фурӯш ҷорӣ шудааст", - гуфтанд дар хадамот.
Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои назоратии кассавиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.
Гуруҳе аз соҳибкорони Қирғизистон борҳо дар назди бинои маъмурияти президент ва девони вазирони он кишвар дар шаҳри Бишкек зидди истифодаи дастгоҳҳои кассавии назоратӣ (ДКН) тазоҳурот карданд.
Ахиран раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров дар суҳбат бо телевизиони "Ала-Тоо 24" гуфта буд, ки эҳтимол муҳлати истифода набурдани ДХН дар бозорҳои он кишвар дароз карда шавад