Ссылки доступа

Додгоҳи Остона Асет Абишев ва Айдар Сиздиковро 15 шабонарӯз ҳабс кард


Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон узви ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазақстан!" Асет Абишев ва ҳомии ҳуқуқ Айдар Сиздиковро 15 шабонарӯз ҳабс кардааст.

Узви дигари ҳизб Сергей Измайлов, ки ҳамроҳ бо Абишев дастгир шуда буд, дар "майдаавбошӣ" айбдор шудааст.

Маъмурони пулиси Остона шоми 6 декабр Асет Абишев, Сергей Измайлов ва Айдар Сиздиковро дастгир карданд.

Канали "#NotExtremists" дар паёмакрасони Телеграм шоми чоршанбе хабар дод, ки боздоштшудаҳо дар шуъбаи пулиси ноҳияи Байконури Остона қарор доранд.

Гуфта мешавад, ҳангоми боздошти фаъолон пулис аз неру истифода кардааст. "Онҳо (кормандони пулис) маро латтукӯб карданд", - мегӯяд Сиздиков дар наворе, ки аз лаҳзаи боздошти онҳо дар паёмакрасон нашр шудааст.

Асет Абишев, Сергей Измайлов бо вакили дифоъ Меиржан Доскараев дар Остона нишасти хабарӣ баргузор карда, гуфтанд, далелҳо дар парвандаи раҳбари зиндонии "Алға, Қазақстан!" Марат Жиланбоев сохта мебошанд.

Марат Жиланбоев бо ҷурми ҷонибдории созмонҳои мамнуъ 7 сол зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG