Ссылки доступа

"Мегӯяд, намефорад, фаро, ба таксӣ рав" (гулчин)


Infographic- Pertussis
Infographic- Pertussis

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Мегӯяд, намефорад, фаро, ба таксӣ рав". Масъулони бахши нақлиёти иҷтимоии Душанбе мегӯянд, бар пояи шикояти мусофирон дар як ҳафтаи охир ду ронандаро ҷазо додаанд. Як ронандаи таксиро барои душном додани мусофир аз кор ронданд, дигариро барои худсарона тағйир додани хатсайр. Нақлиёти Душанбе пайваста шоҳиди даъвову душном мешавад. Чаро? (видео)

- Умедро барои марги аробакаш ба зиндон андохтанд. Додгоҳи шаҳри Истаравшан ҷавонеро дар куштори як аробакаш гунаҳкор донист ва ба зиндон маҳкум кард. Аммо ҳарду тараф, яъне пайвандони кушташуда ва ҳам ҷавони зиндонӣ аз ҳукм норозиянд. Як ҷониб мегӯяд, ҷазо бояд сахттар мешуд, тарафи дигар бар ин аст, ки ба фарзандаш ноодилона ҷазо додаанд. (видео)

- Муҳлати даъват ба артиш тамом шуд, ҷалби ҷавонон чӣ?Ҳарчанд, рӯзи 30-юми ноябр муҳлати ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон расман ба анҷом расид, аммо худдории Вазорати дифоъ аз пешниҳоди маълумоти расмӣ дар бораи иҷрои нақша, миёни сокинон ва намояндагони баъзе созмонҳои ҷамъиятӣ ҳадсу гумонҳоеро ба миён овардааст. (видео)

- Ҳодиса дар Кӯлоб: "Аз ошёнаи 18 афтоду ҷон дод". Як бинокори 21-сола аз ошёнаи ҳаждаҳуми сохтмоне дар шаҳри Кӯлоб ба замин афтода ҷон бохтааст. Маркази тиҷоратии Кӯлобро ширкати “Комил-2010” месозад. Бар асоси санадҳо, ширкат ба номи Сиёвуш Зуҳуров, яке аз писарони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, сабт шудааст. (видео)

- Занони гирифтори саратон бо чӣ роҳе бо дарди худ мубориза мебаранд? Яъсу ноумедӣ ва тарс аз марг аз аввалин эҳсосест, ки занони гирифтори саратон баъди огоҳ шудан аз бемории худ ба он рӯ ба рӯ мешаванд (видео)

- Табибон мегӯянд, бо ВИЧ СПИД ҳам метавон фарзанди солим ба дунё овард. Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор нафар бо вируси заъфи масунияти бадан зиндагӣ мекунанд. Дар рӯзи 1-уми декабр, ки Рӯзи мубориза бо СПИД аст, Радиои Озодӣ аз вазъи гирифторон ба ин вирус ва ёрие, ки дастрас мекунанд, гузорише таҳия кард. (видео)

- Ҳоли табоҳи як масҷид аз зилзила ва беэътиноии "Толибон".Бар асари заминларзаи моҳи октябри имсол дар Афғонистон девору манораҳои як масҷиди қадимӣ дар Ҳирот шикоф пайдо карда, навиштаҳои таърихии он фурӯ рехтаанд. Масҷид дар соли 1417 сохта шуда буд. Вайронӣ дар ин ёдгории таърихӣ бештар дида мешавад ва “Толибон” барои нигаҳдории он таваҷҷӯҳе надоранд. (видео)

- Қирғизистон мехоҳад фоҳишахонаҳоро бандад. Оё муваффақ хоҳад шуд? Қирғизистон мехоҳад фоҳишахонаҳоро бандад. Бо ин ҳадаф акс ва ному насаби бошандагони фоҳишахонаҳо дар расона нашр шудаанд. Вале ҳомиёни ҳуқуқ ба ин иқдом зиёд эътимод надоранд. (видео)

- Сокинони Адрасмон аз камобӣ азият мекашанд. Сокинони як шаҳраки саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон аз норасоии об шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, то замони фаъол будани корхонаи калони маъдантозакунии Адрасмон шароити зиндагӣ дар ин ҷо хуб буд, вале баъди қатъи кори он вазъият то рафт мушкилтар мешавад. (видео)

- Майдонҳои беохири минакоришуда дар Украина. Роҳҳое, ки Русия дар Украина минакорӣ кардааст, барои низомиёни ин кишвар барои идомаи мубориза мушкили ҷиддӣ эҷод кардааст. (видео)

- Мушкили нави душаҳрвандиҳо дар Русия. Баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон табааи Русия ҳастанд, ҳангоми баромадан аз ҳудуди ин кишвар бо мушкил дучор шудаанд. Мақомоти Русия ба онҳо иҷозаи берун шудан аз ин кишварро бо шиносномаи хориҷии Тоҷикистон намедиҳанд. Сабаб чист? Ҳамкорони мо дар ин видео рӯшанӣ андохтаанд. (видео)

- Решаи мушкили автобусҳо дар Хуҷанд чист? Сокинони Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он шоданд, ки пас аз танаффуси қариб якмоҳа автобусҳо дар ин ҷо дубора ба ҳаракат даромаданд (видео)

- Сабти IMEI- и телефонҳо ва сардаргумиҳои он. Сабти рамзи IMEI телефонҳои сокинон дар Тоҷикистон акнун пулакӣ шудааст ва ин иқдом нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овардааст (видео)

- Хати форсиро дар мактабҳо дуруст меомӯзанд? Дар Тоҷикистон, таълими хатти форсӣ дар макотиби миёна ҳатмист, вале на ҳамаи шогирдон, имкони ёд гирифтани хати ниёгонро доранд (видео)

- Гапи Озод. Писар гуноҳ кард, падар ҷавобгар? Даҳҳо падару модар шикоят мекунанд, ки барои нарафтани писаронашон ба артиш зери фишор қарор доранд. Оё падару модар ҷавобгӯи амали фарзанди болиғи худ ҳастанд? (видео)

- Осиё: фақр дар Тоҷикистон. Дар ҷанги зидди Украина ду зодаи дигари Тоҷикистон кушта шудааст. Дар Тоҷикистон вазъи фақирон бад аст. Дар Алмато як ҷуфти русиягӣ театри хусусӣ таъсис додааст, онҷо мавзуҳои доғро ба намоиш мегузоранд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG