Мақомоти пулиси Узбекистон мегӯянд, дар вилояти Тошканд 34 узви гуруҳҳои ҷиноӣ боздошт, нисбати 11 тани онҳо парвандаи ҷиноӣ боз ва 23 тани дигар ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.
Аз онҳо 13 таппонча ва силоҳи шикорӣ, муҳимоти дигари ҷангӣ, "электрошокер", корд ва дигар навъи силоҳи сард мусодира шудааст.
Дар доираи маъракаи "40 рӯзи зарбдор" дар Узбекистон дар маҷмуъ 64 фарди таҳти пайгард ошкор ва боздошт шудааст. Инчунин ду шаҳрванде пайдо шудааст, ки нопадид гардида буданд.
Ин маърака ҳамоно идома дорад.