Дэвид О’Салливан рӯзҳои 29-30 ноябри соли ҷорӣ ба Узбекистон сафар карда буд. Дар соли ҷорӣ вай ду маротиба ба Осиёи Марказӣ сафар кард. Сафар аввал моҳи апрел сурат гирифта буд.
Бино ба таҳлилҳо, воридоти мол аз Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон якбора афзудааст. Ҳамзамон содироти мол аз ин кишварҳо ба Русия боло рафтааст.
"Мо тамоюли тағйири самти тиҷоратро мушоҳида мекунем, ки пештар ба Русия мерафт ва акнун ба Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон, Сербистон, Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ меравад. Ва алббата ин моро ба ташвиш меорад, ки бархе маҳсулот аз ин кишварҳо ба Русия ворид мешаванд", - гуфтааст Дэвид О’Салливан.
Иттиҳоди Аврупо талош дорад, аз ворид шудани бархе маҳсулот ба Русия пешгирӣ кунад, ки мумкин аст, дар бахши низомӣ истифода шаванд. Аз Узбекистон пеш аз ҳама талаб мешавад, маҳсулотеро ба Русия нафурӯшад, ки боиси афзоиши зарфияти низомии Маскав хоҳад шуд.