Дар иттилоияи сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз 7 декабр омадааст, ки тарҳи нав ба ҳукумати Тоҷикистон кумак мерасонад, то омодагиро ба мактаб тавассути таъмини аҳолӣ бо таҳсилоти фарогир ва муосири томактабӣ беҳтар созад. Барнома "бештар аз 200 маркази таҳсилоти томактабиро дар саросари Тоҷикистон" фаро мегирад.
Дар маросими муаррифии тарҳи нав сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер гуфт: "Барои дастёбӣ ба муваффақият дар самти таҳсилоти томактабӣ, мисли ҳамаи таҳсилоти дигар, ба иловаи барномаи таҳсилот корҳои дигаре ҳам зарурат доранд. Барои ин мо бояд зарфияти ҳар кӯдакро - сарфи назар аз баромади иҷтимоияш, тавоноиҳо ва вазъияташ - бояд комилан ошкор созем", - гуфт сафир.
Ба иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар соли 2022 дар саросари кишвар бештар аз 700 муассисаи таҳсилоти томактабӣ амал мекард.