Қарори тамдиди муҳлати боздошти Мадумаровро додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек қабул кардааст.
Вакилони мудофеи Мадумаров аз додгоҳ хостанд, ки ӯро ба ҳабси хонагӣ интиқол диҳад.
Муҳокимаи парвандаи Мадумаров пушти дарҳои баста сурат мегирад.
Мадумаровро рӯзи 2 сентябри соли 2023 неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек боздошт карданд.
Вакили мудофеъ Гуляна Убалиева гуфт, ки сиёсатмадорро дар "хиёнат ба давлат" гумонбар мекунанд. Убалиева тасдиқ кард, парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад, ки Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо кардааст.