Ссылки доступа

Дар Қирғизистон ҷорӣ кардани ҷарима барои надоштани бима дубора ба таъхир афтод


Вазорати иқтисоди Қирғизистон хабар дод, ки ҷорӣ кардани ҷарима барои надоштани "бимаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт" то соли 2025 ба таъхир гузошта шудааст.

Бар асоси қонунҳои Қирғизистон, ин навъи ҷарима бояд аз 1 январи соли оянда ҷорӣ мешуд.

Дар Вазорати иқтисоди Қирғизистон гуфтанд, ки ҷорӣ кардани ҷарима бо назардошти болоравии нархҳои маҳсулоти ғизоӣ ва хидматрасониҳо ба таъхир гузошта шуд.

Қонун "Дар бораи бимаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт" дар Қирғизистон соли 2015 қабул шуд ва мебоист он аз соли 2016 ба иҷро дарояд. Вале ронандагони қирғиз ба далели номуайян будани арзиши бима ва шартҳои ҷуброни зарар мухолифи он баромаданд. Дар натиҷа иҷрои қонун ба муҳлати 7 сол ба таъхир гузошта шуд.

XS
SM
MD
LG