Ссылки доступа

"West Oil" гуфт, талаби кормандони норозияшро иҷро намекунад


Беш аз 500 корманди ширкати "West Oil" дар деҳаи Жетибойи вилояти Манғистауи Қазоқистон беш аз як ҳафта мешавад, коршиканӣ мекунанд.

Эътирозгарон аз 11 декабр талаб доранд, ки онҳо ба ширкатҳои тобеи "КазМунайГаз" интиқол дода шаванд ва ҳамчунин маошашон бар асоси низоми ягонаи музди меҳнат пардохт гардад. Техникаҳои корӣ низ нав карда шаванд.

Ширкати "West Oil Software" 18 декабр гуфт, бо ширкати "ОТК" то соли 2027 шартномаи дарозмуддат имзо кардааст ва маҷбур мебошад, ки уҳдадориҳои худро "бо кормандони норозӣ ва ё бидуни онҳо" ба таври комил иҷро кунад.

Коршикании кормандонашро ширкат "ғайриқонунӣ" номида гуфт, ин иқдом хатари рух додани садама дар чоҳҳои нафтро ба миён овардааст.

Қаблан вазири энергетикаи Қазоқистон ва ширкати "КазМунайГаз" иҷрои талабҳои кормандонро "беасос" ва "номумкин" номида буд, вале эътирозгарон гуфтанд, барои иҷрои талабҳои онҳо танҳо "иродаи сиёсӣ" лозим аст.

XS
SM
MD
LG