Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ғорати маблағҳоеро таҳқиқ доранд, ки барои рушди кино ҷудо шуда буданд


Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ғорати маблағҳоеро таҳқиқ доранд, ки барои рушди кинои миллӣ ҷудо шуда буданд.

Ба иттилои додситонии шаҳри Алмато, таҳқиқ дар натиҷаи тафтиши ҷамъияти саҳҳомии "Киностудияи "Қазоқфилм" ба номи Шакен Айманов" ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои пешакӣ, ғорати "бештар аз 400 млн танга" ошкор шудааст.

Моҳи гузашта хадамоти зиддифасоди Қазоқистон хабар дода буд, ки роҳбари пешини "Қазоқфилм" дар фасодкорӣ гумонбар аст.

XS
SM
MD
LG