Ссылки доступа

Блогери узбек Отабек Аҳлиддинов 7 сол зиндонӣ шуд


Сардори шуъбаи қабулу ташхиси бемористони ноҳияи Шаҳрихони Узбекистон ва блогер Отабек Аҳлиддинов 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Дар додгоҳи вилоятии Андиҷон гуфтанд, ки додгоҳи шаҳри Хонобод 24 ноябри имсол Аҳлиддиновро дар тамаъҷӯӣ ва азхудкунии пулҳои буҷа айбдор донистааст.

Додгоҳ ӯ аз ҳаққи блогерӣ ва фаъолият дар ниҳодҳои давлатӣ низ ба муҳлати 3 сол маҳрум кардааст.

Тибқи маводи парванда, Аҳлиддинов, ки дар бораи мушкилоти сокинон менавишт, гӯиё барои нашр накардани мавод дар бораи камбудиҳои низоми гармидиҳии маҳалли кори худ 300 доллар пора гирифтааст.

Ҳамчунин гӯиё ӯ аз созмони "аутсорсинг" барои нашр накардани маълумот дар бораи камбудиҳои корхона 12,8 миллион сӯм талаб кардааст.

Худи Аҳлиддинов аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва гуфтааст, ба Додгоҳи олии Узбекистон шикоят мекунад.

XS
SM
MD
LG