Ссылки доступа

Дар Узбекистон оростани дастархони солинавӣ бо пули буҷа манъ шуд


Сарвазири Узбекистон Абдулло Орифов ба ниҳодҳои давлатии ин кишвар дастур додааст, ки аз ҳисоби пулҳои буҷа ва ғайрибуҷавӣ барои кормандони худ дастархони идонаи солинавӣ наороянд.

Сухангӯи ҳукумати Узбекистон Бекзод Ҳидоятов дар суҳбат бо хабаргузории "Газете.uz" ин хабарро тасдиқ кардааст.

Ба гуфтаи Ҳидоятов, дастури сарвазири Узбекистон ба тамоми муассисаҳои давлатӣ, маъмуриятҳои шаҳру ноҳия, вилоятҳо ва бонкҳое, ки саҳмияҳояшон давлатӣ аст, дахл дорад.

Раҳбарон ва кормандони корхонаҳои мазкур метавонанд Соли навро аз ҳисоби худ таҷлил кунанд.

Сарвазири Узбекистон соли гузашта низ чунин дастур дода буд.

XS
SM
MD
LG