Ссылки доступа

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба қазияи "Садовод" вокуниш кард


Сафорати Тоҷикистон дар Русия баъд аз панҷ рӯзи қазияи "Садовод", ки сабаби боздошти як ронандаи тоҷик ва муҷозоти зиёда аз 70 муҳоҷири дигар шуд, изҳорот дод.

Масъулони сафорат рӯзи 20-уми декабр дар эъломияе гуфтанд, ки ҳодисаро “пайгирӣ ва зери назорат” доранд ва “барои гирифтани ҷузъиёт” бо мақомоти Русия ҳамкорӣ мекунанд.

“Барои муайян кардани ҳолати рухдода ба ҷойи воқеа гурӯҳи корӣ сафарбар гардид,” – гуфта шудааст дар эъломия. Маълум нест, чаро сафорат дар панҷ рӯзи гузашта дар ин замина хомӯширо ихтиёр кард.

Намояндагии расмии Тоҷикистон афзудааст, барои ҳалли шаффофи қазия талош хоҳад кард: “Аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои будубоши давлати иқоматро риоя намоянд.”

Ҳодиса рӯзи 15-уми декабри имсол дар бозори "Садовод"-и шаҳри Маскав рӯй дод. Ба фарзияи тафтишот, ронандаи 21-сола аз Тоҷикистон, Сӯҳроб Юсуфов, ҳангоми санҷиши ҳуҷҷат ба афсари милиса "итоат накард", "ба болояш мошин ронд" ва "ба ҳаёт ва саломатии ӯ хатар эҷод кард".

Ӯро бар асоси ду банди қонуни ҷиноии Русия дастгир ва то нимаи моҳи феврали 2024 ба ҳабс гирифтаанд.

Ин дар ҳолест, ки хоҳараш, Соро Юсуфова, рӯзи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш гуноҳ надорад: “Ӯро манъ карданд. Хостааст, мошинро дар ягон ҷо нигоҳ дошта, фарояд. Аммо зӯран фароварда, бо электрошокер беҳуш кардаанд. Ба болои ин, чанднафарӣ задаанд."

“Садовод” яке бозорҳои аз калонтарини Маскав аст ва теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҷо кор мекунанд. Мавридҳои фишор ва рафтори ғайриқонунӣ нисбат ба онҳо дар ин бозор дар гузашта ҳам ҷой доштааст.

Моҳи августи имсол маъмурони пулиси Русия 60 муҳоҷиру донишҷӯи тоҷикро дар ҳамин бозор дастгир карда буданд. Он замон муҳоҷирон гуфтанд, сабаби боздошташон маълум нест, ҳарчанд санади аксарият дуруст ва мутобиқ ба қонун таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG