Ссылки доступа

Ҳизби cотсиал-демократ 21-сола шуд, чӣ ҳол дорад? (гулчин)


TAJIKISTAN -- New Year market in Dushanbe, 19DEC2023
TAJIKISTAN -- New Year market in Dushanbe, 19DEC2023

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳизби cотсиал-демократ 21-сола шуд, чӣ ҳол дорад? Имрӯз аз таъсиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 21 сол мегузарад. Ба гуфтаи коршиносон ҳузури ин ҳизб дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон тақрибан ба сифр баробар шудааст. Пас аз дигар шудани раҳбари oизб ва рафтани Раҳматилло Зоиров дар соли 2021, дигар ҳеч гоҳ ин ҳизб аз буданаш дарак надод. (видео)

- Хотираи Низом Нурҷононовро гиромӣ доштанд. Дар маҳфиле дар Душанбе аз Низом Нурҷонов, яке аз чеҳраҳои маъруфи фарҳанги тоҷик, ёд карданд. Агар умр вафо мекард ин пажӯҳишгари тоҷик 100-сола мешуд. Низом Нурҷонов дар тӯли умри худ вижагиҳои драма, операву балет, рақс ва фолклору мусиқии тоҷикро таҳқиқ кардааст. (видео)

- Илҳом бо умед ба Русия рафт, маъюб баргашт. Ҳар сол садҳо ҳазор кас аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, то барои ҳалли душвориҳои зиндагии худ пул ба даст биоранд. Муҳоҷират рӯзгори бархеро беҳтар кардааст, аммо ҳолатҳое низ ҳаст, ки корҷӯёни тоҷик аз Русия ранҷуру маъюб бармегарданд. Илҳом Гулбеков, сокини шаҳри Кӯлоб, яке аз онҳост. (видео)

- Рӯзгори як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон аз Тоҷикистон. Муҳаммадҷон Собиров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, сарзаниши як маъмури пулис дар ҳини донишҷӯӣ дар Русия ӯро ба ин кор водор кард. Бештар ба пуштибонии ҳуқуқи муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон машғул аст, вале гоҳе парвандаи шаҳрвандони Афғонистону Ҳиндустонро низ ба дӯш мегирад. (видео)

- Дар Исфара мактабе ба ёди Орифҷон Тоҷиддинов номгузорӣ шуд. Ӯ соли 2022 дар муноқишаи марзӣ ҳалок шудааст. (видео)

- Мухолифати муҳоҷирони корӣ ба ихроҷашон аз Русия. Додгоҳе дар вилояти Маскав дар мурофиае кӯтоҳ якбора 55 муҳоҷирро аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, муҳокима карда, қарори ихроҷи онҳоро баровард. Ҳодиса якуним моҳ пеш рӯй дод, аммо баъзе аз муҳоҷирон бо қарор розӣ нестанд ва бозбинии онро талаб доранд. (видео)

- Аз соли нав нархи нерӯи барқ 16% боло меравад. Чаро? (видео)

- Роҳи Адрасмон аз ҳисоби саховатмандону муҳоҷирон навсозӣ мешавад. Сокинони шаҳраки Адрасмони Гулистон дар вилояти Суғд бо хайрияҳои дастҷамъона ба бозсозии роҳе сар карданд, ки дар 33 соли истиқлолият боре ҳам таъмир нашудааст. Мардум маҷбур аз пайи бозсозии роҳе шудаанд, ки бар асари бетаваҷҷуҳии мақомот равуоро дар он хатарнок кардааст. (видео)

- Таҳқиқи марги духтари 19-сола дар Восеъ. Марги Раҷабгул Ғоибоваи 19-сола дар деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ баҳсбарангез шудааст, чун рӯзи 8-уми декабр додситонӣ иҷозаи дафни ӯро надод (видео)

- Таъсири мусбати музокирот ба вазъи деҳоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон. Тоҷикистону Қирғизистон дар се моҳи ахир дастикам панҷ бор аз музокирот хабар доданд, ки дар он як бахши бузурги марзи муштарак ташхису аломатгузорӣ шудааст. Ин раванд ба зиндагонии сокинони деҳоти марзӣ ҳам таъсири мусбат расонидааст. Гузориши Фарзон Муҳаммадӣ дар ин бора аст. (видео)

- Маҳви боғи баҳсбарангез дар шаҳри Кӯлоб. Соҳибони норозии як боғ дар Кӯлоб аз он шикоят доранд, ки заҳмати чандинсолаашон дар заминро як амри мақомот ба хок яксон кард. Бо ин амр беш аз сад дарахти мевадиҳандаи боғро, ки як манбаи даромади чандин хонавода буд, решакан кардаанд (видео)

- Бе барқу гармӣ дар фасли сармо. Дар марказҳои гармидиҳии чандин вилояти Қазоқистон садама рух додааст. (видео)

- Як зану шавҳар аз Қирғизистон дар Аврупо ба ҳайси ронандаи мошини боркаш кор мекунанд ( видео)

- "Афардӣ қолабшикан буд, ҳанӯз ӯро дарк накардаанд". Сабзаалӣ Шариф, рассоми шинохтаи тоҷик, Сайф Раҳимзоди Афардиро "нависандаи қолабшикан" номид, ки ба гуфтааш "ҳанӯз ӯро дар адабиёт дарк накардаанд" (видео)

- Путин мехоҳад, бори 5-ум президенти Русия шавад. (видео)

- Чи гуна Русия ба интихоботи президентии соли 2024 омодагӣ мебинад. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG