Ссылки доступа

"Газпром" ният дорад, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 34 млрд метри мукааб газ фурӯшад


"Газпром" интизор дорад, кишварҳои Осиёи Марказӣ харидори 34 млрд метри мукааб газе хоҳанд гардид, ки Русия натавонист, дар 11 моҳи соли 2023 ба Аврупо фурӯшад.

"Дар шароити тағйироти кунунӣ дар бозори энержии ҷаҳонӣ "Газпром" фаъолияти худро дар самти газрасонӣ ба истеъмолгарони Русия ва рушди иқтидори содирот идома медиҳад. Самти муҳими фаъолияти ширкат рушди ҳамкорӣ бо Қазоқистон, Узебкистон ва Қирғизистон гардид", - хабар додааст "Газпром".

Расман дар 11 моҳи соли 2023 ҳаҷми содироти гази "Газпром" ба Аврупо 34 млрд метри мукааб коҳиш ёфта ва ба сатҳи соли 1996 баробар шудааст.

Вазорати энержии Узбекистон пештар хабар дода буд, ки дар бораи хариди газ бо "Газпром" як шартномаи 15-солаи дигар бастааст. Дар доираи ин созишнома сохтани лӯлаи нав дар назар аст ва Қазоқистон низ шомили он хоҳад буд.

Моҳи октябр расонаҳо хабар доданд, ки интиқоли гази Русия тавассути Қазоқистон ба Узбекистон шуруъ шудааст. Ҷузъиёти ин созишнома то кунун расонаӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG