Ссылки доступа

Дар Эрон барои "мубаллиғони бадҳиҷобӣ" додгоҳҳои сайёр таъсис медиҳанд


Мақомоти Эрон мехоҳанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили марказҳои тиҷорӣ додгоҳҳои сайёр таъсис диҳанд ва ба ин тартиб занону духтаронеро ҷазо диҳанд, ки ҳиҷоб намепӯшанд. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба санадҳои махфӣ хабар медиҳанд.

Дар ин санадҳо омадааст, ки масъулияти риоя кардани пӯшиши исломӣ аз ҷониби хонандагон вазорати маориф аст ва занҳои маъруферо, ки намехоҳанд, ҳиҷоб пӯшанд, метавон, то 10 сол зиндонӣ кард.

Пулис ва дигар мақомоти қудратии Эрон, бино ба санадҳои ифшошуда, соҳиби салоҳиятҳои зиёде шудаанд. Онҳо иҷоза ёфтаанд, ба манзили онҳое ворид шаванд, ки ҳиҷобро риоя намекунанд ва телефону компютерҳояшонро мусодира созанд; мағозаҳоеро банданд, ки соҳибонашон ҳиҷобро риоя намекунанд. Қаҳвахонаҳо, ки дар наздикиҳои мактабу донишгоҳҳо ҳастанд, бояд баста шаванд.

Мақомоти Эрон ин санадҳоро шарҳ намедиҳанд, аммо як нашрияи эронӣ, ки муҳтавои санадҳоро нашр кард, дар ошкорсозии маълумоти махфӣ айбдор шудааст.

Занон дар Эрон вазифадоранд, ки ҳиҷоб пӯшанд.

Мақомоти Эрон баъди марги Маҳсо Аминии 22-сола, ки соли гузашта кушта шуд, талаботи риоя кардани ҳиҷобро сахттар карданд. Аминиро бо айби бадҳиҷобӣ боздошт карданд ва вай дар бемористон фавтид. Наздикони Маҳсо Аминӣ гуфтанд, пулис ӯро латту кӯб кардааст. Марги Маҳсо Аминӣ эътирозҳои густардаеро дар Эрон ба бор овард.

XS
SM
MD
LG