Ссылки доступа

Тоҷикистону Қирғизистон аз пешрафти дигар дар музокироти марзӣ хабар доданд


Ҳайатҳои маконнигории ду тараф ҳангоми имзои протокол дар шаҳри Бӯстон дар рӯзи 23-уми декабр.
Ҳайатҳои маконнигории ду тараф ҳангоми имзои протокол дар шаҳри Бӯстон дар рӯзи 23-уми декабр.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон хабар доданд, ки дар масъалаи таъйину аломатгузории бештар аз 11 километр марзи муштараки байни ду кишвар ба мувофиқа расидаанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дод, ки созиш дар ҷараёни мулоқоти гуруҳҳои кории маконнигорӣ ва ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйину аломатгузории марз ба даст омадааст, ки аз рӯзи 17-уми декабр то рӯзи 23-уми декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд идома дошт. Дар хабар омадааст: “Дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 11,88 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд.”

Дафтари матбуоти девони вазирони Қирғизистон низ айни баёнияе нашр карда ва гуфтааст, ки як ёддошт ҳам дар ин замина ба имзо расидааст.

Ду тараф ҳамчунин гуфтаанд, ки корро барои ташхиси минтақаҳои боқимондаи баҳсбарангез дар марзи ду кишвар идома медиҳанд ва гуфтугуҳои оянда дар Қирғизистон сурат мегирад.

Тақрибан 10 рӯз пештар аз ин ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки дар ҷараёни музокироти 6 рӯза дар вилояти Ботканд, ки аз рӯзи 8-ум то 14-уми декабр сурат гирифт, сари таъйину аломатгузории 47 километри дигари марз ба мувофиқа расидаанд.

Дар чанд моҳи ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон аз пешрафтҳои чашмгир ва зуд дар масъалаи таъйину аломатгузории марзи ҷанҷолии ду кишвар хабар медиҳанд. Аввали моҳи декабр Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи амниятии миллии Тоҷикистон ва раиси ҳайати ҳукуматӣ дар як суханронӣ дар ҳузури Қамчибек Тошиев, ҳамтои қирғизи худ гуфт, ки ду тараф дар масоили истифодаи иншооте, ки дар қаламравҳои баҳсии ҳамдигар доранд, ба тавофуқи усулӣ даст ёфтаанд.

Ӯ гуфт: “Мо ба ин қарори усулӣ омадем, ки ... Қирғизистон ба тамоми иншооте, ки дар қаламрави мо дорад, дастрасии доимӣ хоҳад дошт, вале қаламрав аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Тамоми иншооте, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон дорад, абадан ва доимо аз тарафи Тоҷикистон истифода мешаванд, вале заминҳо қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон боқӣ мемонад.”

Саймумин Ятимов ҳеч яке аз иншоотро ном набурд, вале айни замон гуфт, ки ду масъалаи асосӣ, ки яке истифода аз роҳи Ворух- Хоҷаи Аъло дар ноҳияи Исфара аст, тақрибан ҳал шудааст. Роҳи мазкурро сокинони деҳоти наздимарзии Қирғизистон борҳо бастаанд ва даҳҳо маротиба дар он байни сокинони ду тараф ҷангу хунрезӣ ба амал омадааст. Саймумин Ятимов шарҳ надод, ки сарнавишти ин роҳ чӣ мешавад ва масъала чӣ гуна ҳал шудааст.

Раиси ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки шеваи истифодаи обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, айни шеваи истифода аз роҳи Ворух-Хоҷаи Аъло мешавад. Ин обанбор солҳои 70-уми асри гузашта бо ҳадафи обёрии заминҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон сохта шудааст ва ду тараф сари он даъво ва ҷанг ҳам кардаанд.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон низ гуфт, ккумиссиёнҳои давлатӣ бетанаффус кор мекунанд ва «Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки мо ба қабули тамоми қарор (дар бораи марз) бисёр наздик шудаем.”

Марзи бештар аз 900 километрии Тоҷикистону Қирғизистон, ки тақрибан 300 километраш то ҳол аломатгузорӣ нашудааст, солҳост, ки батакрор шоҳиди низоъ миёни сокинон ва низомиёни ду тараф мешавад. Мардуми ду сӯи марз барои обу замин ва чарогоҳ борҳо бо ҳам ҷангу муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд.

Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рух дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Музокирот барои таъйину аломатгузории марз аз соли 2002 идома дорад ва бори мақомоти ду тараф баръакси солҳои гузашта ошкоро ва бо қотеият дар бораи пешрафту ҳалли мушкилоти асосӣ дар музокирот суҳбат мекунанд.

XS
SM
MD
LG