Ссылки доступа

Дар Узбекистон бо кумаки "омбудсмен" аз як никоҳи барвақтӣ пешгирӣ шудааст


Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон ё "омбудсмен"-и кӯдакон дар Узбекистон Сурайё Раҳмонова ба вилоятҳои он кишвар сафар ва аз вазъи никоҳи барвақтии духтарон ошкон шудааст.

Мақомоти ноҳияи Косони Узбекистон рӯзи 23 декбар огоҳ шудаанд, як хонавода духтарашонро, ки ҳанӯз 18-сола нест, ба шавҳар медиҳад. Баъди ин огаҳӣ маросими ақди никоҳ ва тӯй барҳам дода шудааст.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдакон мегӯяд, домуллое ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст, ки бе санади ақди никоҳи расмӣ хутбаи никоҳи динӣ хондааст.

XS
SM
MD
LG