Ссылки доступа

Як мақомдори пешини марзбонии Қазоқистонро 4 сол зиндон карданд


Мудири пешини Хадамоти марзбонии Қазоқистон Дархан Дилманов бо мусодираи молу мулк 4 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Додгоҳ ӯро дар сӯистифода аз мақом, ки боиси оқибатҳои вазнин шудааст, айбдор кард.

Дархан Дилманов бо гумони фасодкорӣ ва мусоидат ба низоми фасодуолуди воридсозии мол аз Чин ба Қазоқистон боздошт шуда буд.

Додгоҳ ҳамчунин ҳамаи рутбаҳо ва дараҷаҳои Дилмановро бекор кардааст.

Дар доираи ин парванда мақомдорони дигари хадамоти марзбонии Қазоқистон ва соҳибкорон муҳокима шуданд. Додгоҳ онҳоро ҷарима ва озодиҳояшонро ба муҳлатҳои муайян маҳдуд кардааст.

XS
SM
MD
LG