Ссылки доступа

Танзила Норбоева: Узбекистон ҳеч гоҳ мустамликаи кишваре намешавад


Узбекистон ҳаргиз мустамликаи кишваре нахоҳад шуд, гуфт Танзила Норбоева, раиси сенати Маҷлиси Олии Узбекистон рӯзи 25 декабр.

"Шумо дар интернет изҳороти мухталифро мебинед: "Бо Узбекистон ин мекунем, он мекунем". Узбекистон ҳаргиз мустамликаи кишваре нахоҳад шуд. Шумо инро медонед, зарур нест ман инро ба шумо шарҳ диҳам. Шумо ҳама инро дар қалби худ доред", - гуфт Норбоева дар мулоқот бо ҷавонон рӯзи 25 декабр.

Ҳафтаи гузашта ҳамраиси ҳизби "Русияи боадолат" Захар Прилепин пешниҳод кард, ки Узбекистон ва дигар ҳудудҳои шӯравии пешин ба Русия "ҳамроҳ" карда шаванд. Ин изҳорот дар ҷомеаи Узбекистон маҳкум карда шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон сафири Русия дар ин кишвар Олег Малгиновро ба вазорат даъват кард ва гуфт, ки изҳороти Прилепин иғвоангезона аст ва метавонад, дар муносибатҳои мардуми ду кишвар таъсири манфӣ расонад. Мария Захарова, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия дертар хабар дод, ки ҳарфҳои Прилепин "баёнгари мавқеи расмии Русия нест".

XS
SM
MD
LG