Ссылки доступа

Роҳбарони кишварҳои ИДМ ва ИИАО дар Санкт-Петербург мулоқот мекунанд


Президентҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо даъвати президенти Русия Владимир Путин ба Санкт-Петербург рафтанд.

Ба иттилои расонаҳои Русия, дар китобхонаи президентӣ ба номи Борис Елтсин дар Петербург рӯзи душанбе мулоқоти Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё баргузор шудааст.

Интизор меравад, ки кишварҳои узви ИИАО бо Эрон созишномаи тиҷорати озодро имзо кунанд.

Ба илова, дар Петербург мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои ИДМ дар назар аст.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баъд аз зуҳри 25-уми декабр ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафтааст.

Ба қавли дафтари матбуоти президент, ҳадаф аз ин сафар, ширкат дар нишасти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст. Соли гузашта низ роҳбарони ин созмон пеш аз фаро расидани соли нав ҷамъ шуда буданд.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, як созмони зери нуфузи Русия 32 сол пеш ба хотири сарҷамъ кардани 15 кишвари шӯравии собиқ таъсис ёфтааст. Озарбойҷону Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистону Украина шомили ин созмон ҳастанд. Намояндагони Украина чанд сол боз дар нишастҳои ин созмон ширкат намекунанд.

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.

XS
SM
MD
LG