Ссылки доступа

Ди Каприо мақомоти қазоқро барои афзоиши теъдоди сайгаҳо тавсиф кард


Леонардо Ди Каприо, ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд ва продюсери амрикоӣ ҳукумати Қазоқистонро бо афзоиши теъдоди сайгаҳо дар он кишвар табрик гуфтааст.

Ди Каприо дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм навишта, ки ҳукумати Қазоқистон дар мубориза бо қочоқбарони шохи сайга ва ташкили минтақаҳои нави муҳофизатшаванда саҳми назаррас гузоштааст.

"Ҳамкории онҳо созмонҳои ҳифзи муҳити зист, донишгоҳҳо ва донишмандон намунаи боризи комёбӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист аст", - афзудааст ӯ.

Созмони байналмилалии ҳифзи муҳити зист сайгаҳоро ба рӯйхати ҳайвонҳое шомил карда буд, ки дар вартаи нобудӣ қарор доштанд. Аммо дертар сатҳи хатар ба онҳоро ба далели афзоиши теъдодашон поинтар буд.

Мақомоти Қазоқистон ҳам имсол шикори сайгаро иҷозат доданд, зеро ба гуфтаи онҳо, афзоиши теъдоди сайгаҳо ба бахши кишоварзӣ зарар мерасонад.

XS
SM
MD
LG