Ссылки доступа

Шаҳрвандони Узбекистонро барои ғайриқонунӣ ба хориҷ бурдани $600 ҳазор 5 сол зиндон карданд


Мақомоти қудратии Узбекистон чанд соҳибкори он кишварро боздошт кардаанд, ки ба ғайриқонунӣ ба хориҷ бурдани асъори нақди хориҷӣ машғул буданд.

Ба иттилои Хадамоти амнияти Узбекистон, ду сокини вилояти Андиҷони он кишвар моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд аз соҳибкорон пули нақди хориҷиро дарёфт кардаанд. Онҳо баъди он ба вилояти Фарғона рафта, ният доштанд, ки маблағро ба ҳаммаслакони худ диҳанд.

Мақомоти Узбекистон дар ҳудуди ноҳияи Язъёвон сокини дигарро боздошт кардаанд, ки мехост, маблағи мазкурро бо давр задани назорати гумрукӣ ба Қирғизистон интиқол диҳад. Аз дохили мошини шаҳрванди боздоштшуда 509 ҳазору 945 доллар ошкор шудааст.

Мақомоти Узбекистон роҳбари ин гуруҳи ҷиноиро боздошт кардаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "вайрон кардани қонунгузории гумрукӣ дар ҳаҷми махсусан калон" боз ва боздоштшудаҳо зиндонӣ шудаанд.

Бино ба иттилои мақомоти додгоҳии Узбекистон, ду тан аз айбдоршавандаҳо 5-солӣ, ду тани дигар 5 солу шашмоҳӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Долларҳои ошкоршуда ба фоидаи давлат мусодира шудаанд.

XS
SM
MD
LG