Ссылки доступа

Тоқаев пешниҳод кард, хати алтернативии интернет дар масири Русия-Қазоқистон-Эрон сохта шавад


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар мулоқоти сарони кишварҳои узви ИИАО дар шаҳри Санкт-Петербург пешниҳод кард, ки хати нури нахии интернет дар масири Русия-Қазоқистон-Эрон сохта шавад.

Ба гуфтаи вай, ин тадбир барои пайваст шудан ба хатҳои мавҷуди байналхалқӣ, ки аз соҳили уқёнуси Ҳинд мегузаранд, муҳим аст.

"Ин на танҳо ба сохтани масири алтернативии ҳамлу нақл дар фазои Авруосиё мусоидат мекунад, балки мавқеи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро дар ҳамлу нақли додаҳо дар сатҳи ҷаҳон тақвият мебахшад", - гуфт Тоқаев.

Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узви ИИАО ҳастанд.

Дар мулоқоти Санкт-Петербург ин созмон бо Эрон созишномаи тиҷорати озодро ба имзо расонд.

XS
SM
MD
LG