Ссылки доступа

Нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Бишкек гарон мешавад


Вакилони маҷлиси шаҳрии Бишкек 27 декабр тарифҳои навро барои истифода аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳр қабул карданд.

Бино ба қарори вакилон, минбаъд нархи роҳкиро барои як нафар ҳангоми пардохти нақдина 20 сом, ғайринақдӣ 17 сом ва тавассути барномаи мобилии "MegaPay" 11 сом хоҳад буд. Шаш соми боқимондаро ширкати "Mega" ҷуброн мекунад.

Роҳкиро дар автобус ва микроавтобусҳои шахсӣ 20 сом хоҳад буд. Тарифҳои нав аз 15 январи соли 2024 мавриди иҷро қарор хоҳанд гирифт.

Муовини шаҳрдори Бишкек Максатбек Сазикулов дар ҷаласаи маҷлис гуфт, арзиши холиси интиқоли мусофирон тавассути автобус 19,7 ва бо троллейбус 19,3 сомро ташкил медиҳад.

Қиммати роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Бишкек бори охир соли 2021 боло рафта буд. Он замон нархи роҳкироро барои як одам 11 сом муайян карданд.

XS
SM
MD
LG