Ссылки доступа

СБП гуфт, иқтисоди Узбекистон соли оянда камтар рушд мекунад


Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) пешбинӣ кардааст, ки иқтисоди Узбекистон дар соли оянда 5,2 дарсад рушд хоҳад кард. Ин назар ба нишондоди пешбинишуда барои имсол 0,5 дарсад камтар аст.

Рушди иқтисоди Узбекистон дар соли равон 5,7 дарсад гуфта шудааст. Қаблан СБП гуфта буд, ки иқтисоди Узбекистон имсол 5,5 дарсад рушд мекунад.

Тибқи пешбинии СБП, сатҳи таваррум дар соли оянда дар пайи идома ёфтани озодсозии нархи тарифҳои барқ ба 11 дарсад хоҳад расид. Ҳукумати Узбекистон бар ин аст, ки сатҳи таваррум 8-10 дарсад хоҳад буд.

Коршиносони СБП коҳиши рушд дар кишварҳои шарики калидии Узбекистон ва шадидтар шудани омилҳои молии беруниро аз зумраи хатарҳои хориҷӣ номидаанд.

XS
SM
MD
LG