Ссылки доступа

Роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд


Роҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракати нақлиётҳо боз шудааст. Дар ин бора ширкати IRS нимарӯзи 27-уми декабр хабар дод.

Ягона масир ба шимоли кишвар субҳи 27-уми декабр дар пайи боридани барф ва фаромадани тарма баста шуда буд.

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати IRS мебошад ва ширкат барои нигоҳбини роҳ аз он ронандагон маблағ мегирад. Номи соҳиби ширкати IRS ошкор карда намешавад.

XS
SM
MD
LG