Ссылки доступа

Тошканд ҳамчун шаҳри дорои олудатарин ҳаво боқӣ мемонад


Пойтахти Узбекистон ба гуруҳи шаҳрҳое шомил шудааст, ки олудатарин ҳаворо дар ҷаҳон доранд.

Тибқи иттилои сомонаи "IQAir", шаҳри Тошканд соати 09:30-и 3 январ дар миёни шаҳрҳои дорои олудатарин ҳаво мақоми 18-умро касб кардааст. Он як соат пеш дар мақоми 10-ум қарор дошт.

Дар ин раддабандӣ шаҳри Бишкек дар мақоми 24 ва Остона дар мақоми 96-ум ҷой гирифтаанд. Пойтахтҳои Тоҷикистон ва Туркманистон ба он шомил нашудаанд.

Шохиси сифати ҳаво (IQAir) 14 декабр Тошкандро севумин шаҳре дар ҷаҳон номид, ки олудатарин ҳаворо дорад. Он замон шаҳри Деҳлӣ (270 AQI) дар мақоми аввал ва шаҳри Лоҳури Покистон (262 AQI) дар мақоми дувум қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG