Ссылки доступа

Марги ду наҷотдиҳанда дар нақбе дар Қазоқистон


Дар вилояти Павлодари Қазоқистон дар нақбе ҷасади ду наҷотдиҳанда пайдо шудааст.

Онҳо автобусеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки дар чуқурие сарозер шуда буд.

Автобуси сарозершуда то кунун пайдо нашудааст ва корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Автобуси ҳомили кормандони Маркази ситоди ҷумҳуриявии хадамоти низомии наҷотдиҳиву садамавӣ ба умқи 150 метр сарозер шудааст. Мақомоти наҷотдиҳии Қазоқистон мегӯянд, автобус чаҳор мусофир дошт.

XS
SM
MD
LG