Ссылки доступа

Маҳдудият дар кори нуқтаҳои фурӯши гази Узбекистон бекор шуд


Маҳдудият дар фаъолияти нуқтаҳои фурӯши гази Узбекистон, ки ҳақ доштанд рӯзона танҳо 6 соат кор кунанд, бекор карда шудааст.

Дар ин бора сухангӯи Вазорати энергетикаи Узбекистон Ҳасан Тошхоҷаев 4 январ дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, 3 январ аз 1507 нуқтаи фурӯши гази табиӣ 1363 тоаш, яъне 91 дарсади нуқтаҳо пурра фаъолият карданд.

Дар Узбекистон ҳамасола аз моҳи декабр дар фаъолияти нуқтаҳои фурӯши газ маҳдудият ҷорӣ мешавад. Мақомоти он кишвар мегӯянд, ба хотири таъмини беҳтари аҳолӣ бо газ маҷбуранд, ки фаъолияти нуқтаҳои фурӯши газро барои нақлиёт маҳдуд кунанд.

XS
SM
MD
LG