Ссылки доступа

Шумори қурбониёни таркиш дар як қаҳвахонаи Қазоқистон афзуд


Ҷасади шахси севумро, ки дар натиҷаи чаппа шудани бинои қаҳвахона дар шаҳри Урали Қазоқистон ҷон дода буд, пайдо карданд.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр хабар додааст.

Қаблан гуфта шуд, ки дар натиҷаи чаппа шудани бинои қаҳвахона ду кас ҷон бохтааст.

Наҷотдиҳандагон шаш каси дигарро аз зери харобаҳо берун оварданд, ки панҷ тани онҳо дар бемористон бистарӣ шуданд.

Қаҳвахонаи дуошёна шаби 3 ба 4 январ чаппа ва оташ гирифт. Зарфи гази 50-литрӣ дар дохили қаҳвахона таркида ва боиси чаппа шудану оташ гирифтани он гардид.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, мумкин аст, шумори фавтидаҳо ва осебдидаҳо афзоиш ёбад, зеро зери харобаҳо эҳтимоли вуҷуд доштани одамони дигар ҳаст.

XS
SM
MD
LG