Ссылки доступа

Арстан Алай - фаъоли ҷамъиятии Қирғизистон дар маҳбас худкушӣ кардааст


Арстанбек Абилдаев - фаъоли ҷамъиятии Қирғизистон, ки бо номи Арстан Алай маъруф буд, дар маҳбас фавтидааст.

Вакили мудофеи вай Кайсин Абакиров рӯзи 5 январ гуфт, ҷасади Абдилдаевро 5 январ дар маҳбас пайдо кардаанд. Вакили мудофеъ гуфт, нафари таҳти ҳимояи ӯро, ки дар марҳилаи тафтишот қарор дошт, бе огоҳии вакил аз боздоштгоҳ ба маҳбас бурдаанд.

Вакил аз додситонии кулли Қирғизистон даъват кардааст, ки гунаҳкорони марги Абдилдаев ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Мақомоти иҷрои ҷазои Қирғизистон гуфтанд, Арстан Алай худкушӣ кардааст.

Ҷасади ӯро субҳи 05:15 дақиқаи субҳи 5 январ дар ошхонаи маҳбаси №31 пайдо кардаанд.

Дар мақомоти иҷрои ҷазои Қирғизистон гуфтанд, бо қарори додгоҳ вай то миёнаҳои моҳи январ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда буд. Аммо рӯзи 28 декабр бо тавсия пизишкон ӯро аз боздоштгоҳи муваққат ба маҳбас интиқол додаанд.

Ин фаъоли ҷамъиятии Қирғизистонро 15 декабр бо гумони "барангехтани адовати мазҳабӣ" боздошт карда буданд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ "даъватҳое дорад, ки ба барангехтани адовати мазҳабӣ ва душмании байни мазҳабҳо равона шудаанд".

XS
SM
MD
LG