Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз қурбониёни ҳодисаҳои январӣ ёдоварӣ мекунанд


5 январ дар шаҳрҳои Қазоқистон қурбониёни ҳодисаҳои январии соли 2022-ро ёдоварӣ мекунанд.

Дар шаҳри Алмато гуруҳе аз одамон назди ёдгории "Тағзим" ҷамъ шуданд, ки дар наздикии бинои ҳукумати шаҳр ҷойгир аст.

Миёни онҳое, ки дар наздикии ёдгорӣ ҷамъ шуданд, наздикони кушташудаҳои ҳодисаҳои январӣ ва фаъолони ҷамъиятӣ ҳастанд. Фаъолон ва наздикони кушташудаҳо номи бештар аз 200 қурбонии ҳодисаҳои январиро дар овезаҳо навишта ва бо худ ба ёдгории "Тағзим" овардаанд. Ёдгории "Тағзим" моҳи декабри соли 2022 бо ҳузури президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев боз шуд, вале дар он номе аз қурбониён оварда нашудааст.

Ҷамъшудаҳо имрӯз ҳамчунин акси пайвандони кушташудаи худро дар аст доштанд. Ҷамъшудаҳо ҳамчунин ба ёди қурбониён Қуръон хонданд.

Чунин маросим дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон, аз ҷумла дар Чимкент, Уст-Каменагорск ва ғайра доир шуд.

XS
SM
MD
LG