Ссылки доступа

Билети қатораҳо дар Узбекистон 20% гарон мешавад


Ширкати "Роҳҳои оҳани Узбекистон" хабар дод, ки шуруъ аз 20 январ билети қатораҳо дар Узбекистон 20 дарсад гарон мешавад.

Дар ширкати мазкур гуфтанд, комисияи байниҳукуматии Узбекистон ин тасмимро ба хотири ислоҳоти зерсохтори роҳи оҳан, пӯшонидани харҷи барқ, сӯзишворӣ, ҳамлу нақл ва нақлиёт гирифтааст.

Бори охир қимати билетҳо дар Узбекистон ду моҳ пеш то 60 дарсад гарон шуда буданд.

XS
SM
MD
LG