Ссылки доступа

Вазири умури дохилии Қазоқистон шахсияти боздоштшудаҳо дар робита ба таркиши "Костенко"-ро ошкор кард


Вазири умури дохилии Қазоқистон Сирим Шарифхонов номи бархе аз шахсонеро, ки дар доираи парвандаи таркиши нақби ба номи Костенкои он кишвар дастгир шудаанд, ошкор кард.

"Албатта, онҳо масъулон ҳастанд. Аз ҷумла, мудири кул Яблонский, сардори шуъбаи кадрҳо Винокуров, мудири техникии департаменти ангишт Белий, мудири иҷроияи департаменти ангишт Огай боздошт шудаанд", - изҳор дошт Шарифхонов.

Ба гуфтаи ӯ, маводи марбут ба ҳодиса ба мақомоти тафтишотии Қазоқистон супурда шудааст.

Таркиш дар нақби ба номи Костенко дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон 28 октябр рух дод. Ҳангоми рух додани таркиш дар дохили нақб 252 кас қарор дошт. 205 тани онҳо тавонистанд, ки мустақилона нақбро тарк кунанд. 46 тан фавтид ва 48 каси дигар ҷароҳат бардошт.

Мақомоти қудратии Қазоқистон гуфтанд, дар робита ба таркиш 7 касро боздошт кардаанд. Аммо ному насаби боздоштшудаҳоро нагуфтанд. Боздоштшудаҳо дар "Вайрон кардани талаботи бехатарӣ ҳангоми анҷоми корҳои куҳӣ" гумонбар мешаванд.

XS
SM
MD
LG