Ссылки доступа

Ҳамлаи шаҳрванди Қирғизистон ба духтарчаи 6-сола дар Маскав


Як шаҳрванди Қирғизистон дар гӯштфурӯшие дар шаҳри Маскави Русия ба духтарчаи шашсола ҳамла кардааст.

Ӯ таҳдид кардааст, ки "гардани духтарчаро мешиканад". "SHOT" иттилоъ додааст, ки кудак ҳамроҳи модару падараш барои харидани гӯшт ба фурӯшгоҳ рафтааст. Марди ношиносе, ки аз канори онҳо мегузашт, нохост аз гардани духтарча қапида, таҳдид кардааст, ки ӯро мекушад.

Дар натиҷа падари духтар зуд вокуниш нишон дода, ҳамлагарро ҳамроҳи муҳофизони фурӯшгоҳ дастгир кардааст.

Аз боздоштшуда Жениш Токтосунови 43-сола ном бурда мешавад, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш ба Маскав рафтааст. Мардро баъди муойинаи тиббӣ дар беморхонаи касалиҳои руҳӣ бистарӣ кардаанд. Тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG